< Кордкашии ноболиғон дар Душанбе дар шаби Соли нав » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Кордкашии ноболиғон дар Душанбе дар шаби Соли нав

Кордкашии ноболиғон дар Душанбе дар шаби Соли нав
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати кордкашии ноболиғон дар пойтахти кишвар дар шаби Соли нав хабар додааст

Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино бо ариза ҷабрдида, ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст. 

Ӯ арз доштааст, ки санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 23:00, дар маҳаллаи Хуҷандӣ ҳадафи латукӯб ва кордзанӣ қарор гирифтааст. 

Манбаъ аз қавли муроҷиаткунанда илова намуд, ки ду ноболиғи 17-солаи сокинони пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, нисбаташ дашномҳои қабеҳ гуфтаанд.

"Баъдан, яке аз онҳо бо корд 1-маротиба ба баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар иттилоия.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий