< Дар Тоҷикистон 97,0% гирифторони бемории COVID-19 шифо ёфтаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон 97,0% гирифторони бемории COVID-19 шифо ёфтаанд

Дар Тоҷикистон 97,0% гирифторони бемории COVID-19 шифо ёфтаанд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмӯъ то имрӯз, 1 январ дар кишвар 13296 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 12894 нафар ё 97,0% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ҳамзамон, 312 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий