< Кордкашӣ: ВКД ҳодисаи мудҳиши шаби соли навро гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Кордкашӣ: ВКД ҳодисаи мудҳиши шаби соли навро гуфт

Кордкашӣ: ВКД ҳодисаи мудҳиши шаби соли навро гуфт
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи мудҳиши кордкаширо дар шаби таҷлили соли нав дар шаҳри Бӯстон тавзеҳ додааст

 Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар шаҳри Бӯстон рух додааст.

Тавре ВКД менависад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳудуди шаҳри Бӯстон дастгир кард шуд.

Номбурда санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 21:20- дақиқа, ҳангоми дар хиёбони И.Сомонии шаҳри мазкур қарор доштан, дар ҳолати мастӣ, бо марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҷангу ҷанҷол намудааст.

Сипас бо корд 1-маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий