< Таътили зимистона дар Тоҷикистон: толибилмон чанд рӯз истироҳат мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Таътили зимистона дар Тоҷикистон: толибилмон чанд рӯз истироҳат мекунанд

Таътили зимистона дар Тоҷикистон: толибилмон чанд рӯз истироҳат мекунанд
Таътили зимистона дар макотиби шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 10 рӯз тӯл мекашад. Толибилмони тоҷик аз якум то даҳуми январ истироҳат хоҳанд кард

Дар Тоҷикистон толибилмони макотиб дар моҳи январ 10 рӯз истироҳат хоҳанд кард, хабар медиҳад SugdNews бо такя ба маълумоти раёсати маорифи вилояти Суғд.

Таътили зимистона аз рӯзи якуми моҳи январ шурӯъ мешавад ва то 10 уми ҳамин моҳ идома меёбанд.

Хонандагони тоҷик рӯзи 11- уми январ дубора сари мизу курсии мактабӣ ҳозир мешаванд.

Манбаъ меафзояд, дар давраи таътили зимистона, марҳилаҳои минтақавии олимпиадаҳои мактабӣ гузаронида мешаванд. Инчунин барои мактаббачагон чорабиниҳои варзишӣ, маҳфилҳо ва сексияҳо ташкил карда мешаванд.

Таъкид мешавад, ки таътили оянда аллакай фасли баҳор сурат мегирад ва ҳамагӣ як ҳафта аз 25  то 31 март тӯл мекашад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий