< Тӯи хатна ва оши худоӣ иҷозат мешавад? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тӯи хатна ва оши худоӣ иҷозат мешавад?

Тӯи хатна ва оши худоӣ иҷозат мешавад?
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллӣ як назарсанҷие гузаронида, маълум кардааст, ки баъзе аз сокинон хостори тағйир дар қонуни баҳсбарангези танзим ҳастанд.

Онҳо талаб кардаанд, ки мақомот барои гузарондани хатнасур ва додани таом дар маросими дафн иҷозат диҳанд. Назарпурсии Кумитаи дин дар бораи қонуни танзим моҳи ноябри имсол дар миёни зиёда аз 10 ҳазор нафар баргузор шуд. Бар асоси хулосаҳои ин пурсиш, шояд қонуни баҳсбарангези “танзим” бознигарӣ шавад. Ин назарсанҷӣ ва натиҷаҳои он расман эълон нашудааст,вале мумкин аст минбаъд он ба эътибор гирифта шавад, гуфтаанд манобеи огоҳаз қазия.

Комментарии (0)

Оставить комментарий