< Марги боз як бемори коронавирус дар Тоҷикистон - вазорат гуфт, кай » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Марги боз як бемори коронавирус дар Тоҷикистон - вазорат гуфт, кай

Марги боз як бемори коронавирус дар Тоҷикистон - вазорат гуфт, кай
Шумораи фавтидагон аз бемории коронавирус дар Тоҷикистон, мутаассифона, ба як тани дигар афзуда, тибқи иттилои вазорат марг аз коронавирус рӯзи гузашта сабт шудааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, шифо ва марг аз коронавирусро дар Тоҷикисмтон нашр кард.

Бино бар иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта як бемори коронавирус вафот карда, табибон натавонистанд, ки ӯро наҷот диҳанд.

Ҳамин тавр, дар умум аз охири моҳи апрел то имрӯз, 26 декабр аз маризии СOVID - 19 дар кишвар 90 тан ҳалок шуданд.

Ҳамчунин, шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 26 декабр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 13127 нафар расид.

Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи охир 39 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12657 (96,1%)  баробар гардид. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий