Маълум шуд, тоҷикистониён дар Соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд
Бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ тоҷикистониён дар остонаи Соли нави мелодӣ се рӯз истироҳат мекунанд
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Соли нав се рӯз истироҳат мекунанд.
Дар ин бора як манбаъ аз Федеросюни иттифоқи касаба гуфт, тоҷикистониён дар Соли нав боназардошти рӯзҳои истироҳатӣ шанбе ва якшанбе, се рӯз истироҳат мекунанд.
"Тибқи тақвим Соли нав имсол рӯзи ҷумъа фаро мерасад, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" истироҳат эълон шудааст. Рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳати тақвимӣ мебошад",-афзуд манбаъ.
Ҳаминтавр, бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ тоҷикистониён дар остонаи Соли нави мелодӣ се рӯз истироҳат мекунанд
Тоҷикистониён соли гузашта низ се рӯз-санаҳои 30, 31 ва 1-уми январ истироҳат карда буданд.
Комментарии (0)