Дар Душанбе марде, ки мехост ҷанҷоли ҷавону занро халос кунад, шадидан латукӯб шуд-видео
Пулиси шаҳри Душанбе ҷавононеро боздошт кард, ки барои латукӯби ҷавони дигар, ки мехост муноқишаи ду нафарро халос кунаҳд, боздошт шуд
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе, рӯзи 15 декабр дар кӯчаи Борбад соати сеюними шаб байни сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Сунатулло Давлатов ва ҷавонзани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе Сабоҳат Расулова муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, онҳо бо рафтори дағалона якдигарро дашномҳои қабеҳ додаанд.
Муноқишаи лафзии онҳоро дида, роҳгузари тасодуфӣ, шаҳрванд Раҷабов Таваралии 23-сола зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, деҳаи Пистамазор мехоҳад аз ҳамдигар раҳо созад.
“Дар ин замон шаҳрванд Сунатулло Давлатов бо ҳамроҳии шаҳрванд, Иброҳимов Бахтиёр Зоировичи 18-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нахимов, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо шаҳрванд Раҷабов Таваралӣ дарафтода, ӯро маврии латукӯб қарор додаанд, ки ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст”,-афзудааст, манбаъ.
Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Давлатов Сунатулло ва Иброҳимов Бахтиёр тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд
Ёдовар мешавем, ин моддаи Кодекис ҷиноятии Тоҷикистон то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Комментарии (0)