Боздошти марди 33-сола: бар ивази 250 сомонӣ зану мардро барои алоқаи ҷинси шинос мекард
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки зимни як амалиёти махсус як марди 33-соларо, ки нигаҳдошти фоҳишахона ва ё даллагӣ гумонбар дониста мешавад, боздошт намудааст
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт намуданд.
Гуфта шудааст, ки номбурда дар нигаҳдошти фоҳишахона ва ё даллагӣ гумонбар дониста мешавад.
“Номбурда, санаи 21-уми декабри соли 2020, тахминан соати 18:00, барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 27-солаи сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкурро бо зани 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ҳамин ноҳия шинос карда, аз онҳо 250-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома доранд.
Комментарии (0)