< Раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонон дар Вазорати маориф интихоб шуд: ӯ кист? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонон дар Вазорати маориф интихоб шуд: ӯ кист?

Раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонон дар Вазорати маориф интихоб шуд: ӯ кист?
Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар вазорат намояндагии Иттифоқи ҷавонон таъсис ёфт ва аз миёни ҷавонони фаоли вазорат раиси он низ интихоб гардидааст

Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони фаъоли он намояндагии Иттифоқи ҷавонон таъсис ёфт.

Гуфта шудааст, ки дар рафти ҷаласа Манучеҳр Сулаймонзода, сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот, раиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вазорат, мутахассисон Нодира Ҳасанзода ва Далер Ҳайдаров муовинони раис интихоб гардиданд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ин иқдом барои иштироки ҷавонони маорифпарвар дар бунёди ҷомеаи демократӣ қадами муҳим ба шумор меравад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий