< Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар Спитамен аз сарфаи барқ гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар Спитамен аз сарфаи барқ гуфт

Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар Спитамен аз сарфаи барқ гуфт
Дар ноҳияи Спитамен бо роҳбарии раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода ва бо ширкати роҳбарону масъулини сохторҳои мақомоти ноҳия машварати корӣ доир гардид

Дар машварати корӣ масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки неруи барқ баррасӣ гардид, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси ноҳия.

Ҳамчунин, аз риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи таҷҳизоти барқии серхароҷот ва пардохти саривақтии  ҳаққи истифодаи неруи барқ таъкид гардид.

"Зимни машварати корӣ раванди корҳои  бунёдкорию созандагӣ бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ,   хусусан бунёди иншооти таъйиноти гуногун, таъмири манзилҳои истиқоматии сокинон то ҷашни миллӣ, омодагӣ ба иди байналмилалии Наврӯз, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангу фароғатӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ матраҳ гардид", - менависад манбаъ.

Дастур дода шуд, ки заминҳои корам, хусусан  қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ва гармхонаҳо оқилонаю самаранок истифода гарданд.

Баъди анҷоми машварати корӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода  дар кӯчаи марказии ноҳияи Спитамен ниҳолои дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий