< Зани ҷавон ҳамсари 53-солаашро корд зад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Зани ҷавон ҳамсари 53-солаашро корд зад

Зани ҷавон ҳамсари 53-солаашро корд зад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи рашк як зан шавҳарашро як маротиба корд задааст

Тибқи иттили дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса санаи 22-юми декабр сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 22-юми декабри соли 2020, тахминан соати 12:00, ҳангоми дар кӯчаи Неъмат Қарабоев қарор доштанаш, ҳамсараш зани 29-солаи сокини пойтахт, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисми чапи шикамаш задааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати корд задани мард аз сӯи ҳамсараш набуда қаблан, ки Вазорати корҳои дохила чунин хабарҳоро нашр карда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий