Бидуни фавт: теъдоди мубталоёни COVID-19 дар Тоҷикистон қариб ба 13 ҳазор нафар расид
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурии Тоҷикистон 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Манбаъ афзуд, аз 30 апрел то 21 декабр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 12 ҳазору 998 нафар расид.
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки давоми шабонарӯзи охир 42 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 455 нафар расидааст, ки баробари 95,8%-и шумораи умумии гирифторшудаҳо мебошад.
Таъкид шудааст, ки то имрӯз бар асари ин беморӣ 89 нафар фавтидаанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Комментарии (0)