Доктор Абдуллоҳ ба Душанбе омад ва ду рӯз хоҳад монд
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолаҳаи миллии Афғонистон, вориди Душанбе шуд. Ин хабарро вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйид намуд
Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси дафтари равобити минтақаӣ ва ҷаҳонии Шӯрои олии мусолаҳаи миллии Афғонистон, узви ҳайати ҳамроҳ гуфт, ҳадафи ин сафар тарҳи дипломатияи минтақаӣ барои тақвияти асли моликият ва раҳбарии афғонҳо ва эҷод иҷмоъи минтақавӣ дар заминаи ҳимоят аз раванди сулҳ аст.
“Ин яке аз ибтикорҳои Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳури исломии Афғонистон буда, пайваста ба сафарҳои минтақавии раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ сафари имрӯзашон ба Ҷумҳури Тоҷикистон аст. Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи истиқрори сулҳ дар ин кишвар метавонад Афғонистонро дар раванди сулҳ ҳамкорӣ намояд”, - гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.
Қарор аст Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо раҳбарони раддаи аввал, қабл аз ҳама раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом диҳад ва ҳамзамон бо шаҳрвандони кишвараш дар Тоҷикистон дидорбинӣ кунад. Сафари ӯ ду рӯз идома хоҳад кард.
Комментарии (0)