< Вазорати тандурустӣ омори нави сироятёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазорати тандурустӣ омори нави сироятёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

Вазорати тандурустӣ омори нави сироятёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард
Дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 18 декабр 12888 ҳолатро ташкил медиҳад, омадааст дар гузориши вазорат

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон омори нави сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирусро дар кишвар нашр кард.

Чунончи, бино бар иттилои манбаъ, шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 18 декабр 12888 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 38 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12333 (95,7%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 89 нафар фавтидаанд", — афзудааст Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Нипҳод менависад, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий