Қарори Ҳукумат: сабукӣ барои бунёди 10 қабулгоҳи президентҳо дар Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат молу маҳсулотеро, ки барои бунёди 10 бӯстонсаро ворид мешаванд, аз пардохти боҷу андоз озод кард
Тибқи қарори Ҳукумат, ки моҳи равон имзо шуд, масолеҳи сохтмонии воридшаванда барои 10 бӯстонсаро дар маркази Душанбе аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
Дар қарор омадааст, ки 10 бӯстонсаро барои қабули меҳмонҳои баландпоя, сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, дар канори бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон бунёд мегарданд.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки расмиёти молу масолеҳи сохтмонии воридшавандаро саривақт анҷом диҳад.
Тасмими бунёди қабулгоҳҳои махсуси меҳмонҳои баландпояи СҲШ дар Душанбе дар ҳолест, ки ахиран раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Дар нақша аст, ки роҳбарони кишварҳои узви ин созмон соли оянда 20-солагии СҲШ-ро дар шаҳри Душанбе таҷлил намоянд.
Комментарии (0)