< Боздошти сокини Ҳисор барои фиреби соҳибкори туркӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти сокини Ҳисор барои фиреби соҳибкори туркӣ

Боздошти сокини Ҳисор барои фиреби соҳибкори туркӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини Ҳисор хабар дод, ки дар фиреби соҳибкори туркӣ муттаҳам мешавад

Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 32-сола,  сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисорро бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.

“Номбурда, санаи 16-уми марти 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия, марди 35-сола даромада, аз ӯ ба маблағи 10 ҳазору 839 доллари амрикоӣ қолинҳои гуногуни рангаро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Инчунин ба идораи милисаи ноҳияи Сино ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ аз қаллобии ду марди 32-солаи сокинони пойтахт шикоят кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки номбурдагон аз ӯ 2 адад автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”-ро ба маблағи 187 ҳазор сомонӣ гирифта, худсарона аз қайди давлатӣ бе иҷозати соҳибмулк бароварда фурӯхтаанд ва то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий