Раҳмон аз таъмини барқ гуфту ба сокинон ҳушдор дод: "лимит" ҷорӣ мешавад, агар...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар ҳушдор дод, ки ҳарчанд захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар имрӯз бо аъзои нави ҳукумат, раисони шаҳру вилотҳо масъулони сохтору мақомоти назди президент ва Ҳукумати Тоҷикистон, дигар идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бонкҳо машварати корӣ доир кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар машварати корӣ масъалаҳои таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқу гармӣ ва маводи ғизоӣ аз мавзуоти калидӣ будаст.
Ҳамзамон дар машварати корӣ масъалаҳои вусъат додани тадбирҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ, суръатбахшии кишти тирамоҳӣ ва тайёрӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода кардани тухмиҳои аълосифат, андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва назорати нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва ғайра баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, нахуст дар кори машварат дар робита ба фарорасии фасли зимистон ва афзоиши талаботи мардум ба нерӯи барқ таваҷҷуҳи аъзои ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки нерӯи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ ҷалб намудааст.
Таъкид гардидааст, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби кишвар дар фасли зимистон бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд.
Зеро ҳарчанд ки захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд.
Комментарии (0)