< Мансаби нави Машраб Файзуллоев » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мансаби нави Машраб Файзуллоев

Мансаби нави Машраб Файзуллоев
Машраб Файзуллоев бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид

Дар ин бора аз дастгоҳи маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

"Машраб Файзуллоев бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон, раиси кумитаи иқтисоди Маҷлиси намояндагон шуд", - гуфт манбаъ.

Машраб Файзуллоев, то ин дам муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия буд.

То моҳи июни соли 2020 вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия бар дӯши Холиқзода Ҳоким буд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи июн, ваколатҳои вакил Холиқзода Ҳоким Ҳикматуллоро пеш аз муҳлат қатъ кард.

Далели қатъи ваколатҳои Холиқзода таъйинаш ба мақоми нав бо фармони раисиҷумҳур арзёбӣ шуд. Бо қарори парлумон Ҳоким Холиқзода аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия озод гардида, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий