< Шакли электронии китоби "Тоҷикон" дар сомонаи Академияи улум дастрас шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шакли электронии китоби "Тоҷикон" дар сомонаи Академияи улум дастрас шуд

Шакли электронии китоби "Тоҷикон" дар сомонаи Академияи улум дастрас шуд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров, - “Тоҷикон”-ро дар ҳамаи сомонаҳои мутааллиқ ба ин ниҳод нашр кардааст

Пажуҳишгарон метавонанд аз тариқи сомонаҳои марбути Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муҳтавои китоби “Тоҷикон” шинос шаванд, хабар додааст "Ховар".

Манбаъ зикр кардаст, ки китоби “Тоҷикон”-ро академик Бобоҷон Ғафуров аз мавқеи таълимоти марксистӣ–ленинӣ навишта, дар он таърихи тоҷиконро дар давраҳои қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна баррасӣ намудааст.

“Агарчи ин китоб нимаи дувуми садаи гузашта ба табъ расида бошад ҳам, аммо то кунун аҳамияти илмии худро гум накарда, рӯз аз рӯз эътибори он меафзояд”, - омадааст дар матлаб.

Инчунин ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур дода буд, ки ба ҳар як хонадон дар кишвар китоби “Тоҷикон” тақдим карда шавад.

Китоби “Тоҷикон” бори нахуст солҳои 1983-1985 ба забони тоҷикӣ интишор гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий