Беш аз 95 дарсади гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон шифо ёфтанд
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи фавт аз маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашуд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 12704 нафар баробар гардид.
Ҳамзамон, дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12133 (95,5%) нафар баробар гардид.
Давоми чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳодисаи фавт сабт нашудааст ва теъдоди қурбониён 88 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.
Комментарии (0)