Таваллудхонаи Ваҳдат чӣ ҳол дорад? вазир барои санҷиши кори табибон ба беморхона рафт
Дар Тоҷикистон ҳарчанд таваллудхонаҳо бояд занони ҳомиларо бепул қабул кунанд, вале шикояти мардум аз сумгирии табибону ҳамшираҳои шавқат борҳо расонаӣ шуда буд
Шояд паҳн гардидани чунин сару садоҳо боис шудааст, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода барои шинос шудан бо шароити шӯъбаи таваллудхона ба шаҳри Ваҳдат сафар кард.
Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, рӯзи 9 декабр Абдуллозода дар идомаи гаштҳои шабона ва рӯзона дар муассисаҳои тандурустӣ аз шӯъбаи зоишгоҳи шаҳри Ваҳдат боздид кард.
Вазири тандурустӣ бевосита бо занони ҳомилаю аллакай таваллудкарда вохӯрӣ намуда, ҳамчунин бо пайвандони бемороне, ки дар беруни бино интизорӣ мекашанд, аз шароити беморхона ва сифати хизматрасонии табибони ин ҷо, пурсон шудааст.

Манбаъ меафзояд, пас аз шинос шудан бо шароити беморхона, вазири тандурустӣ барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба масъулони ин дармонгоҳ дастуру супоришҳо дод.
Комментарии (0)