Эълони роҳбандӣ дар Душанбе
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо нашри як эълон хабар додааст, ки ҳаракати мошинҳо дар маркази пойтахт маҳдуд мешавад
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, рӯзи 11 декабри соли 2020 аз соати 5:00 то 10:00 дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки ҳаракати мошинҳо аз қитъаи буриши хиёбони Исмоили Сомонӣ бо хиёбони ба номи Абӯалӣ ибни Сино то буриш бо хиёбони Абӯабдуллоҳои Рӯдакӣ манъ хоҳад.
Шаҳрдорӣ далели маҳдидияти панҷсоатӣ дар яке аз хиёбонҳои марказии пойтахтро ба гузаронидани чорабиниҳо рабт додааст. Аммо мақомот мушаххас нагуфтаанд, ки кадом чорабиниҳо дар ин ҷо гузаронда мешаванд.
Ҳукумати Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки дар давраи амали маҳдудият дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат истифода баранд.
Комментарии (0)