Рашк: зан дар ҳолати мастӣ мардро се корд зад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 34 - сола хабар медиҳад, ки ба гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам мешавад
Ба иттилои дафтари матбуотии ниҳоди мазкур, ин зан, зодаи шаҳри Бӯстон, муваққатан сокини шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи кордзанӣ дар пайи рашк рух додааст.
“Номбурда, шаби 7 ба 8-уми декабри соли 2020, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ аз сабаби рашк 3-маротиба ба узвҳои бадани марди 39-солаи сокини пойтахт зарба задааст”,-афзудааст, манбаъ.
Гуфта мешавад, дар натиҷа охирон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин ниҳод дар гузашта низ, чунин ҳолатҳоро ошкор карда буд, ки дар пайи рашк сар задааст.
Комментарии (0)