Раҳмон ба Макрон изҳори ҳамдардӣ кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Фаронса Эммануэл Макрон барқияи таслият ирсол кардааст
Дар ин бора котиботи президент иттилоъ медиҳад.
Ба гузориши манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти президенти собиқи Фаронса Валери Жискар д’Эстен изҳори ҳамдардӣ кардааст.
"Хабари даргузашти собиқ Президенти Фаронса Валери Жискар д’Эстен боиси андӯҳи мо гардид", - гуфтааст дар он мактуб раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ӯ аз нақши марҳум ёдрас шудааст, ки Жискар д’Эстен ба ҳайси шахсияти боризи давлатӣ, хислату мӯҳтавои як давраи муҳими рушди Франсияро муайян намуд.
"Номи ӯ дар таърихи муосир ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар таъмиқи раванди ҳамгироии Аврупо ва ташаккули асосҳои таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши босазо гузоштааст, ба ҳамешагӣ боқӣ мемонад", - омадааст дар барқия.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Макрон хоҳиш кардааст, ки изҳори ҳамдардиашро ба пайвандони марҳум ва мардуми Фаронса расонад.
Комментарии (0)