Сатторов бо роҳбари Вазорати сохтмони Русия тақдири муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кард
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия оид ба вазъ дар соҳаи сохтмон ва муҳоҷират зимни як нишаст дидору мулоқот карданд
Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи гузашта бо Вазири сохтмон, манзил ва коммуналии Русия Ирек Файзуллин мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳоди Русия.
Ҷонибҳо, аз ҷумла, сафари гузаштаи раҳбари парлумони Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ба Маскав ва натиҷаҳои гуфтушунидҳои ӯро бо намояндагони мақомоти Русия муҳокима кардаанд.
Дар муколама бо вазири Русия Сатторов имкониятҳои сармоягузории нави тиҷорати Русияро дар бахши сохтмон, саноат ва дигар лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон баррасӣ кард.
Мавзӯи асосии музокирот муҳоҷирон ва таъсири онҳо ба соҳаи сохтмон буд. Тарафҳо вазъи кунунии бозорро бо сабаби пандемияи коронавирус, инчунин роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷамъшударо баррасӣ карданд.
Ҳамзамон мушкилоти марбут ба муҳоҷиронро, ки бо сохтмон, нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ алоқаманданд, баррасӣ шудаанд.
Сатторов ва Файзуллин ба механизмҳои ҳамкориҳои минбаъда дар масъалаи ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз Тоҷикистон барои кор дар сохтмонҳои Русия диққати махсус доданд, мегӯяд дафтари матбуотии Вазорати сохтмони Русия
Комментарии (0)