Зан баъди муноқиша бо модараш худро корд заду ба пулис ариза дод, ки ниқобпӯшон карданд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як зани 30-солаи и ноҳияи Данғара худро захмӣ кардаву ба барои пинҳон кардани кирдораш, ба маъмурини пулис гуфтааст, ки шахсони ниқобпӯш ин корро кардаанд
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ин зан ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи додааст, ки шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълуми ниқобпӯш бо мақсади дуздӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, ҳангоми бо ӯ рӯ ба рӯ шудан бо воситаи корд 1-маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, номбурда ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ бар-дошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 23:00, зани номбурда бо модараш муноқиша карда, баъдан бо мақсади худкушӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст.
“Номбурда барои пинҳон кардани кирдори содиркардааш ба кормандони милитсия аризаи бардурӯғ пешниҳод наму-дааст, ки зарари ҷисмонии гирифтааш аз тарафи шахси номаълуми ниқобпӯш шудааст”,-афзудааст, манбаъ.
ВУД мегӯяд, далели шайъӣ 1-адад корди ошхонагӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)