Худкушии духтари 16 - сола дар Бадахшон: дар хонаи хобаш худро ба дор овехт
Волидони марҳум мегӯянд, фарзандашон ягон мушкилӣ надошт ва далели худкушӣ кардани ӯ барои онҳо номаълум аст
Дар яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон духтари 16 - сола худкушӣ кардааст, хабар медиҳад Раёсати КҲФ дар вилояти мазкур.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш дар деҳаи Чарсеми ҷамоати деҳоти Вер рух додааст.
"Духтари 16-сола бегоҳи рӯзи 29 ноябр, тақрибан соати 18:30 дақиқа худро дар хонаи хобаш дор кашидааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Марҳум хонандаи синфи 9 МТМУ № 40 будааст.
Феълан сабаби даст ба худкушӣ задани хонандаи мактаб рушан нест. Волидони марҳум изҳор доштаанд, ки фарзанди онҳо ягон мушкилӣ надошт ва далели худкушӣ кардани ӯ барои онҳо номаълум аст.
РКҲФ дар вилояти Бадахшон мегӯяд, феълан нисбати ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)