Чаро тоҷикон барои бозгашт ба Ватан аз масири Ӯзбекистону Қирғизистон истифода мекунанд?
Парвоз ба масири Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои бозгашти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия то 15 ҳазор рубл арзонтар аст
Бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷикистонии бекоршуда дар Русия ба кишварашон аз масирҳои Ӯзбекистону Қирғизистон барои онон арзонтар тамом мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба сомонаи Топ Тҷ.
Ширкати "Сомон Эйр" қимати билети ҳавопаймо аз Маскав ба Душанберо 395 евро муайян кардааст. Ин дар ҳолест, ки парвоз ба шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба маротиб арзотар аст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки чунон чӣ қимати билет аз шаҳрҳои Русия ба Самарқанд 25 ҳазор рубли русӣ аст ва тоҷикҳо ҳазор то ҳазору 500 рубли дигарро барои ронандагони таксиҳо то марзи Тоҷикистон пардохт мекунанд.
Ҳамчунин тоҷиконе, ки дорои тобеияти Русия, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ба Қирғизистон меоянд, аз шаҳри Оши ин кишвар то Хуҷанди Тоҷикистон барои хадамоти таксӣ 150 то 200 сомонӣ пардохт мекунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки парвоз бо ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" барои онон то 47 ҳазор рубл ҳазина хоҳад дошт.
Аз ин рӯ, парвоз ба шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон барои бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия 8 то 15 ҳазор рубл арзонтар тамом мешавад.
Албатта масъулони ин ширкат далели гарон шудани қимати билетро такмили танҳо 60 дарсади сандалиҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши COVID-19, гаронии сӯхт ва ҳазинаҳои ҷонибӣ ба манзури хариди маводи зиддиуфунӣ унвон мекунанд.
Комментарии (0)