Даъвои ду сокини пойтахт ба пулис: якеро соҳибкор ва дигареро собиқ зиндонӣ фиреб дод
Ба ду идораи пулиси шаҳри Душанбе сокинони 60 ва 35 - сола бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудаанд, ки пас аз додани маблағи калон, дар бозпас гирифтани он оҷизӣ мекашанд
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобкории ду нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои котиботи ВУД, ба идораи ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, марди 60 - сола бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуд. Ба изҳори ӯ, аз соли 2009 то соли 2013 ба сокини 54 - солаи шаҳри Ваҳдат 100 ҳазор доллари амрикоӣ дода, пули худро бозпас гирифта наметавонад.
Даъвокунанда мегӯяд, сокини шаҳри Ваҳдат қаблан бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд.
Ҳамчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ низ як сокини пойтахт, айнан барои мувоҷеҳ шудан ба чунин мушкилӣ, муроҷиат намудааст.
Сокини 35 - солаи шаҳри Душанбе ба кормандони пулис арз намуд, ки моҳи феврали соли ҷорӣ, марди 40 - солаи ноҳияи Восеъ аз ӯ қолинҳои туркӣ гирифта, маблағашонро то ҳол надодааст.
Номбурда соҳибкори бозори Корвон буда, аз сокини пойтахт ба маблағи 76 ҳазору 547 доллари амрикоӣ қолинҳои туркӣ гирифта буд,вале пулашонро барнагардонидааст.
ВКД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)