< Мудир боздошт шуд: 49 300 сомонӣ пора гирифту ба Донишгоҳи тиббӣ дохил накард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мудир боздошт шуд: 49 300 сомонӣ пора гирифту ба Донишгоҳи тиббӣ дохил накард

Мудир боздошт шуд: 49 300 сомонӣ пора гирифту ба Донишгоҳи тиббӣ дохил накард
Ожонсии зидди фасод аз боздошти мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 23 - и шаҳри Бохтар хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад

Кормандони Ожонси зидди фасод, Сафарова Латофат Саъдиевнаро боздошт намуданд, ки дар фиреби як зан муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар вазифаи мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар кор мекард.

Ӯ бо истифода аз мақоми хизматиаш аз шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49 ҳазору 300 сомониро талаб карда гирифта буд.

Манбаъ меафзояд, Сафарова маблағи мазкурро гирифта ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст.

Ҳоло нисбати Сафарова Л.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий