< Супориши Президент: бо харҷи 13 миллион мушкилии оби сокинон ҳал мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Супориши Президент: бо харҷи 13 миллион мушкилии оби сокинон ҳал мешавад

Супориши Президент: бо харҷи 13 миллион мушкилии оби сокинон ҳал мешавад
Дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон мушкилии оби сокинон ҳал мешавад: ба деҳаи Шӯроб бо супориши президент ва харҷи 13 миллион сомонӣ об мекашонанд

Дар ин бора раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, хати оби нӯшокӣ ба деҳаи Шӯроби Исфара то таҷлили 30-солагии Истиқлол хоҳад расид.

"Дар асоси супориши бевоситаи Президент Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилии норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак ҳал гардида, беморхона, мактаб ва кӯдакистони Шӯроб таъмиру навсозӣ карда мешаванд",- гуфт вай.

Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби мутахассисони ҶДММ "Наврӯз 2003"-и шаҳри Душанбе, ки масъулияти бунёди ин иншооти ҳаётан муҳимро ба зимма доранд, ҷараён дорад.

Айни замон корҳои васлкунӣ ҷараён дошта, сохтмончиён ба дарозии 1 километри дигар қубури баландфишори обгузарро васл менамоянд. Ҳамчунин бо ғунҷоиши умумии 5 ҳазор метри мукааб ду ҳавз сохта шуда, бо мақсади таъмини техникии иншоот дар масофаи 12 км хати барқ кашида шудааст.

Раиси шаҳри Исфара зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот ба масъулини бахши шаҳрдорӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо ташкилоти сохтмонӣ ва мусоидатнамоӣ баҳри сари вақт ва босифат бунёд намудани иншооти обрасон дастурҳои мушаххас дод.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳрак беш аз 3000 нафар сокинон зиндагӣ менамоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий