< Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 12155 нафар расид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 12155 нафар расид

Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 12155 нафар расид
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 29 ноябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба  12155 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11559 (95,1%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий