< Вазорати тандурустӣ омори нави марг, гирифторӣ ва шифо аз коронавирусро нашр кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазорати тандурустӣ омори нави марг, гирифторӣ ва шифо аз коронавирусро нашр кард

Вазорати тандурустӣ омори нави марг, гирифторӣ ва шифо аз коронавирусро нашр кард
Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11478 (95,0%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави марг, гирифторӣ ва шифо аз коронавирусро нашр кард.

Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, зикр мекунад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 27 ноябр 12082 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11478 (95,0%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд", — афзудааст манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий