< Мошинашро бо доллар фурухт: парвандаи як ҷавони 34 сола » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мошинашро бо доллар фурухт: парвандаи як ҷавони 34 сола

Мошинашро бо доллар фурухт: парвандаи як ҷавони 34 сола
Мақомоти милистияи Суғд нисбати як ҷавони 34 сола парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Нафари дастгиршуда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, бар хилофи қонун, мошинашро бо асъори хориҷӣ (доллар) ба фурӯш гузоштааст

Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Як сокини 34 солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми гирифтани 4 000 доллари амрикоӣ, ки қисме аз арзиши мошинаш аст аз сӯи мақомоти милитсия дастгир шудааст.

“Сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 23 ноябр автомашинаи Mercedess-Benz -ро дар тавқифгоҳи воқеъ дар шаҳраки ба номи Бобоҷон Ғафуров бо арзиши 11 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, аз хариддор 4 ҳазор долларро ҳамчун аванс гирифтааст”,- гуфт Шарифӣ.

Котиби матбуоти РВКД Суғд мегуяд, оиди ин ҳолат нисбати дасгир шуда бо моддаи 286 (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтиши онро прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пеш мебарад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2013 бо қабули Қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” савдо бо пули хориҷӣ аз ҷумла доллар дар ҳудуди кишварро манъ намудааст.

Масъулини Бонки миллӣ дар шарҳи қабули қонуни мазкур иброз медоранд, ки савдо бо асъори хориҷӣ дар ҳудуди кишвар, латма ба қурби пули миллӣ мезанад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий