< Дар пойтахт ноболиғи 13-сола барои мошинрабоӣ дастгир шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар пойтахт ноболиғи 13-сола барои мошинрабоӣ дастгир шуд

Дар пойтахт ноболиғи 13-сола барои мошинрабоӣ дастгир шуд
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ноболиғи 13-сола, ки дар мошинрабоӣ гумонбар дониста мешавад, хабар дод

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон писарбачаи боздоштшуда сокини ноҳияи Рӯдакии пойтахт буда ҳамагӣ 13-сол доштааст. Ӯ хонандаи синфи 7-уми МТМУ будааст. 

Манбаъ хабар додааст, ки ахиран ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ марди 24-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт муроҷиат кардаат.

Ӯ ба кормандони милитсия муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми ноябри соли равон, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш “Мерседес-Бенс”-ро ғайриқонуни ронда бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, зарари расонидашуда 45 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Гуфта шудааст, ки ҳангоми амалиёт аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғ, писарбачаи 13-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ронда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки аз ҷониби кормандони милитсия ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий