< Имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ва анҷоми сафари Рустами Эмомалӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ва анҷоми сафари Рустами Эмомалӣ

Имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ва анҷоми сафари Рустами Эмомалӣ
Сафари нахустини раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Маскав, бо имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 миёни шаҳрдориҳои Душанбе ва Маскав анҷом ёфт

Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Русия дар бинои Ҳукумати шаҳри Маскав бо ҳамтояш раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мулоқот кард, хабар Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон.

Мазмуни асосии вохӯрӣ муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав ва дар ин робита муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда будааст.

Вобаста ба ин иштирокчиёни вохӯрӣ ҷиҳати бо мазмуни нав пурра намудани сатҳи ҳамкориҳои судманд ва дар ин замина ба имзо расонидани Барномаи нави ҳамкорӣ байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Маскав барои солҳои 2020-2023 мубодилаи афкор намудаанд.

Бино ба гузориши манбаъ, дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи короновирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.

"Дар фарҷоми мулоқот Рустами Эмомалӣ ва Сергей Собянин Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 - ро байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Маскав, имзо карданд", - омадааст дар хабарнома.

Барнома бо мақсади тавсеаи робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Маскав равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, ободонии ҳудуди шаҳр, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.

Манбаъ афзуда, ки раиси шаҳри Душанбе аз раиси шаҳри Маскав даъват кардааст, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе биёяд.

Манбаъ афзуда, ки бо ҳамин нахустин сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русия ба анҷом расид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий