Курсии Шамировро Мирзонабот гирифт: тағйироти кадрӣ дар Бадахшон
Эмомалӣ Размон дар идомаи баргузор кардани тағйироти кадрӣ, раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро низ вазифа сабукдӯш кард
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси шаҳри Хоруғ Шамиров Кишвар Ғуломрасулович аз вазифа барканор гардид.
Барканории Шамиров дар идомаи тағйироти кадрӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон рӯзи 24 ноябр баргузор гардид, сурат гирифт.
Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, ҳамакнун ба курсии раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ такя зад.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон бо судури 13 фармони ҷадид, раисони аксар шаҳру навоҳии кишварро ҷобаҷо кард.
Комментарии (0)