Нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Русия
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо як сафари расмӣ озими Маскав шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии дастгоҳи Маҷлиси миллии, сафари расмии Рустами Эмомалӣ имрӯз ба Русия сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ин нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисиҷумҳур Эмомалӣ раҳмон ба Маскав аст.
Манбаъ ҳадафи сафари Рустами Эмомалӣ ва аз нақшаву мулоқотҳои ӯ дар ин сафар хабар надодааст.
Комментарии (0)