Марди 59 - сола писарони амакашро корд зад
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 59 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки сӯи писарони амакаш корд кашида захмӣ кард
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашӣ миёни писарони амак хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ВУД, дар пайи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ӯ рӯзи 22-юми октябр, дар кӯчаи А. Назарии пойтахт бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамсояаш марди 46-сола, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо писарамаконаш: 3 нафар мардони 57, 50 ва 48-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол кардааст.
"Дар натиҷа, номбурда бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба таги чашми рости як писараамак ва 1-маротиба ба дасти рости писарамаки дигараш задааст, ки онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки нисбат ба номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парванлаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)