< Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео

Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як келини хонадон хабар медиҳад, ки дар дуздии пулҳои падаршавҳараш муттаҳам мешавад

Бино ба гузориши ин ниҳод, мақомоти пулис бо ин ҷурм Абдуллоева Мусаллама Қиёмиддиновнаи 21-сола, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлобро боздош кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Абдуллоева Мусаллама барои дуздииии маблағҳои пасандози падаршавҳараш Қосимов Саидамон, сокини ҳамин шаҳр муттаҳам мешавад.

Манбаъ мегӯяд, Абдуллоева бо истифода аз калид қулфи дари оҳании дар пойни ҳавлии падаршавҳараш бударо кушода, аз дохили он 60 ҳазор доллари ӯро гирифтааст.

Ин ниҳод мегӯяд, келини хонадон маблағҳои бо роҳи дуздӣ ба даст овардашро ба фоида худ сарф карда, ҷиҳози рӯзгор харидааст.

“Ҳамзамон аз ин маллағ ду автомашинаи тамғаи “Лексус” ва як “Киа” харида, бо ин кирдораш ба падаршавҳараш Қосимов Саидамон ҷамъ ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонидааст”,-афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд, нисбат ба Абдуллоева Мусаллама парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.



Ёдовар мешавем, ғорати падаршавҳар аз сӯи келини хона бори нахуст набуда, қаблан низ сокини 66-солаи ноҳияи Восеъ дар бораи дуздии маблағҳоят аз ҷониби келина 19-солааш ба пулис шикоят карда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий