Пайваста кӯмак кунед: ҳамдардии Раҳмон ба хонаводаи Алишери Муҳаммадӣ
Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ имруз аз хонаводаи шоир, мутарҷим, мунаққид, номзади илмхои фалсафа, Алишери Муҳаммади, ки дируз бар асари сактаи қалб фавтид дидан кард.
За дастгоҳи марказии ҲХДТ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, Хайриниссо Юсуфӣ таъзия ва тасаллияти Раиси ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмонро ба модар, ҳамсар ва наздикону пайвандони марҳум расонид.
Манбаъ гуфт, ҳангоми боздид ба хонаводаи марҳум кӯмакҳо аз қабили маводҳои ғизоӣ расонида шуд.
Хайриниссо Юсуфӣ ба наздикони маҳрум гуфтааст, ки ба фарзандони Алишери Муҳаммадӣ, ки ноболиғанд омодаанд, ки пайваста кӯмак намоянд.
Гуфта мешавад, ин иқдомњо дар доираи барномаҳои ҳизб, ки дастгирии ниёзмандону эҳтиёљмандон дар меҳвари он қарор гирифта, татбиқ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, Алишери Муҳаммадӣ, шоир, мутарҷим, мунаққид, номзади илмхои фалсафа, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик рӯзи гузашта дар синни 43-солагӣ аз олам даргузаш.
Комментарии (0)