Полковники 56-сола: Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати оташнишонии Суғд даргузашт
Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, субҳи имрӯз дар синни 56-солагӣ аз дунё даргузашт
Манобеъ аз РХДО Суғд бо таъйиди ин хабар гуфтанд, Юсуфӣ на бемории илтиҳоби шуш дошту на вируси карона, балки рӯзҳои охир аз бемории фишорбаландӣ ранҷ мекашид.
“Беш аз даҳ рӯз ба ин тараф аз бемории фишорбаландӣ дар Бемористони шаҳрии № 1-и Хуҷанд табобат мегирифтанд, вале имрӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуданд. Имрӯз соати 11 дар шаҳраки Бӯстони Масчоҳ маросими ҷанозаашон баргузор шуд, ба ҳисоби пайвандон ҳамкорон аз ҷумла генерал Навҷувонов, сардори РВКД низ иштирок карданд. Худо раҳматашон кунад, роҳбари хубе буданд”, - зикр намуд манбаъ.
Фитрати Ҳикимат яке аз пайвандони наздик ба хонаводаи ӯ гуфт, ки Ҳафиз Юсуфӣ то он, ки як роҳбари рутбадори хуб буд, аз инсонҳои некройе буд, ки дасти хайраш барои эҳтиёҷмандон ҳамеша дароз буд.

“Он кас барои бисёриҳо дасти кумак дароз мекарданд. Ҳамроҳ бо бародаронашон дар рушду ободии ноҳияи Мастчоҳ саҳми босазо гузоштаанд”, - гуфт Ҳикмат.
Бино ба иттилои манобеъ, Ҳафиз Юсуфӣ соли 1964 дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст.
Ӯ, 33 сол инҷониб дар сохторҳои гуногуни вазорати корҳои дохила фаъолият намудааст. Аз ҷумла ҳудуди 15 сол мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва имтиҳоноти Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд буд.
Юсуфӣ аз моҳи июни соли 2020 сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Суғд таъйин шуда буд.
Комментарии (0)