< Шаш моҳ кор кард: директори шифохонаи “Якум Советский” аз мақомаш барканор шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шаш моҳ кор кард: директори шифохонаи “Якум Советский” аз мақомаш барканор шуд

Шаш моҳ кор кард: директори шифохонаи “Якум Советский” аз мақомаш барканор шуд
Фаррух Маҳмадзода, директори Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский” аз вазифа барканор шуд

 Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ин хабарро таъйид намуд, аммо аз сабабҳои барканории ӯ иҳзори беиттилоотӣ кард.

“Мавсуф дар ягон вазифаи дигар низ таъйин нашудааст. Ҳоло ба корҳои илмӣ машғул аст ва аз таъйиноти ҷадидаш иттилоъ хоҳем дод”, - гуфтанд дар марказ.

Бино ба ин манбаъ, Абдулло Сафарзода, директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии илмии эҳё ва детоксикатсия, воқеъ дар “Шаҳраки тиббӣ” – и шаҳри Душанбе ба ҷои ӯ таъин шудааст.

Фаррух Маҳмадзода 6 майи соли равон дар айни гирудор бо “вируси корона” аз муовинати директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба ин вазифа таъйин шуда буд.

Таъйиноти ӯ дар пайи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъйин шудани Ҷамолиддин Абдуллозода, он замон директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлол иттифоқ афтод.

Дар оғози шуъюи “вируси корона” дар Тоҷикистон Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский”, яке аз шифохонаҳое маҳсуб мешуд, ки ба қабул ва табобати гирифторони ин маризӣ ихтисос ёфта буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий