< Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт

Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргборе хабар медиҳад, ки дар паи он ронанда ва ду мусофири хурдсолаш вафот карданд

 Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи мудҳиш рӯзи 8-уми ноябр, тахминан соати 16:30-дақиқа дар шоҳроҳи "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ" рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи худрави "Опел-Вектра", Зикриллоев Баҳром Тағойхоновичи 35 - сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Норак ба шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст.

Ҳамин тавр, ӯ ба автомашинаи тамғаи "Тайота-Прадо", ки таҳти идораи сокини 36-солаи  ноҳияи Ҳамадонӣ Маҳсиддинзода Аваз Амирхон будааст, бархӯрдааст, ки боиси марги ронанда ва ду тифл шуд.

"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Зикриллоев Б.Т. ва мусофиронаш хурдсолон: Зикриллоева Нигина Шӯҳратовна, соли таваллудаш 2018, Зикриллоев Азамат Саидҷафарович, соли таваллудаш 2016, сокинони ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий