< Занашро зад: боздошти шавҳар барои латукӯби ҳамсар дар ноҳияи Ҳамадонӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Занашро зад: боздошти шавҳар барои латукӯби ҳамсар дар ноҳияи Ҳамадонӣ

Занашро зад: боздошти шавҳар барои латукӯби ҳамсар дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад, менависад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ марде барои латукӯби ҳамсараш дастгир шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, мард сокини ноҳияи Ҳамадонӣ 37-сола бо ҳамсараш ҷанҷол карда, латукӯб намудааст. Дар натиҷа ба зан зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст. 

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайан карда шуд, ки санаи 27-уми октябри соли 2020, тахминан соати 17:00, марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Даштигулҳои ноҳияи Ҳамадонӣ, дар манзили истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 32-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД.

Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳатҳои бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий