< Даҳшат: дар Мастчоҳ зане бо писараш шавҳарашро кушт - шарҳи ВКД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даҳшат: дар Мастчоҳ зане бо писараш шавҳарашро кушт - шарҳи ВКД

Даҳшат: дар Мастчоҳ зане бо писараш шавҳарашро кушт - шарҳи ВКД
Гумонбарони ҳодиса дастгир шудаанд, ё не, иттилое нест, аммо ВКД менависад, "бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад"

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҷинояти даҳшатбор дар ноҳияи Мастчоҳ гузориш медиҳад: зане бо маслиҳати пешакӣ бо писараш падари хонавода - шавҳарашро куштааст.

Тавре манбаъ менависад, ҳодиса субҳи дирӯз, соатҳои 7:30 дақиқаи 6-уми ноябр рух додааст.

Вазорат афзудааст, зан аввал бо шавҳар ҷанҷол мекунад, сипас ӯро бо болишт буғӣ карда мекушад.

Ба ин амал фарзанди онҳо, ҷавони 22-сола бо модараш шарик будааст.

"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки санаи 6-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 07:30-дақиқа, зани 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо маслиҳати пешакӣ бо писараш ҷавони 22-сола, дар ҳавлии истиқоматиаш бо шавҳараш марди 48-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо болишт бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидаанд", - омадааст дар шарҳи ВКД.

Гумонбарони ҳодиса дастгир шудаанд, ё не, иттилое нест, аммо ВКД менависад, "бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад".

Комментарии (0)

Оставить комментарий