Бидуни фавт: дар Тоҷикистон аз коронавирус 52 нафар шифо ёфт ва 37 кас тоза мариз шуд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро нашр намуд
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз 30 апрел то 6 ноябр дар ҷумҳури шумораи дардмандони коронавирус ба 11256 нафар расид.
Дар 24 соати гузашта, 52 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ба ҳамин минвол шумораи шифоёфтагон ба 10 546 нафар баробар шуд.
Манбаъ меафзояд, аз замони бурузи ин маризӣ дар Тоҷикистон, дасти кам 83 мариз ба ҳалокат расиданд.
Вазорати тандурустӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон даъват мекунанд, ки дар замони пандемия риоя қоидаҳои санитарӣ, пӯшидани ниқоб ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро фаромӯш насозанд.
Комментарии (0)