< Аз СOVID-19 то сиёсату иқтисод: баррасии муносиботи Тоҷикистону Испания » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз СOVID-19 то сиёсату иқтисод: баррасии муносиботи Тоҷикистону Испания

Аз СOVID-19 то сиёсату иқтисод: баррасии муносиботи Тоҷикистону Испания
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкории Подшоҳии Испания хонум Аранча Гонсалес Лайя гуфтугӯи телефонӣ баргузор кардааст

 Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорат,  ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буда, ҷонибҳо зарурати тавсеаи муносибатҳоро таъкид карданд.

Дар ин партав шарокат ва ҳамёрӣ муҳим дониста шуд, таъкид кардааст, манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, мусоҳибон инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Испанияро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ карданд. Рағбати тарафайн ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Аврупо баён гардид.

Вазирон перомуни тадбирҳои пешгирии интишори СOVID-19 дар кишварҳои ҳамдигар мубодилаи афкор карда, бори дигар пойбандии худро ба муборизаи муштарак бо ҳамагирӣ ва паёмадҳои он изҳор намуданд, афзудааст манбаъ.

Комментарии (0)

Оставить комментарий