< Ба гулӯяш тир холӣ кард, гарданашро бо корд бурид: ошкоршавии 3 куштор дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ба гулӯяш тир холӣ кард, гарданашро бо корд бурид: ошкоршавии 3 куштор дар Тоҷикистон

Ба гулӯяш тир холӣ кард, гарданашро бо корд бурид: ошкоршавии 3 куштор дар Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани се ҷинояти мудҳиш дар қаламрави кишвар, ки якеаш ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ иртибот дорад, хабар дод

Бино бар иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, тайи ду рӯзи ахир дар ҳудуди кишвар ду ҷинояти куштор ба қайд гирифта шуда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як куштори мудҳиши соли 1993-ро ошкор карданд.

Корд ба қафаси сина
Ҳамин тавр,  аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир гардидааст.

Гуфта мешавад, номбурда, 3-юми ноябри соли 2020, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар ҳудуди оосоишгоҳи "Авитсенаи Истаравшан" даст ба куштор задааст.
Мард дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо посбони осоишгоҳ муноқиша карда, бо кор ба қафаси синаи посбон-марди 56-сола ду маротиба задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

"Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Зарба бо корд ба гардан
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Э.Шарипови шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир шудааст.

Номбурда, санаи 4-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 16:00, дар ҳолати мастӣ дар назди хонаи истиқоматиаш аз сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Э.Шарипов бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд ба тарафи рости гарданаш 1-маротиба задааст, ки дар натиҷа охирон аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Нисбати  ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҷиноят дар соли 1993
Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 62 ва 74-солаи сокинони ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон санаи 5-феврали соли 1993, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани марди 70-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ҳамин ноҳия бо истифода аз вазъи сиёсӣ ва нооромиҳои ҷумҳурӣ номбурдаро ба штаби Мактаб-интернати ҷамоати деҳоти С.Айнӣ бурдаанд.

Сипас, бинобар сабаби байни онҳо ҷой доштани маблағи қарзӣ баҳсу мунозира ба миён омадааст ва марди 74-сола бо таппончаи тамғаи “Макаров” ба гӯлуи ҷабрдида тир холӣ карда, охиронро захмин намудааст ва ҳаммаслаки ӯ марди 62-сола ба ин кирдори ӯ ҳамроҳ шуда, ба бадани ҷабрдида иловатан якчанд маротиба тир холӣ намуда ӯро ба ҳалокат расонидаанд.

Оид ба ин ҳолат парвандаи ҷинояӣ бо иловаи-1 ва моддаи 105 (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий